Саҳифаи аслӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мақолаи баргузида

Ибни Сино

Муҷассамаи Ибни сино дар назди қароргоҳи СММ

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (форсӣ: ابوعلى سينا‎; (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), шоир, равоншинос (психолог), файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу-тоҷик.

Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.

Абӯалӣ Сино дар рушди илми тибсаҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.

Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозицияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Мақолаи хуб

Абунасри Форобӣ

Тасвири Абунасри Форобӣ дар маркаи Эрон

Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ (форсӣ: ابونصر محمد بن محمد فارابی‎), маъруф ба — Ал-Форобӣ (ар. الفارابي‎, дар шакли лотинишуда — Alpharabius; 870 ё 872, Фороб, Қазоқистони кунунӣ — мобайни 14 декабри 950 и 12 январи 951, Димишқ, Сурияи кунунӣ) — файласуф, риёзидон, мусиқишинос ва донишманди машриқзамин. Яке аз бузургтарин намояндагони фалсафаи шарқи асримиёнагӣ.

Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороби Хуросон (Қазоқистони кунунӣ) ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Бағдод рафт ва назди Матто ибни Юнус ба фаро гирифтани мантиқ ва фалсафа пардохт. Сипас ба Ҳаррони Сурия сафар кард ва ба шогирдии Юҳанно ибни Ҳилон даромад. Аз оғози кор, ҳуши саршор ва илмомӯзии вай сабаб шуд, ки ҳамаи мавзӯъҳоеро, ки тадрис мешуд, ба хубӣ фаро бигирад. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шӯҳрат ёфт. Ва чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд, ки Яҳё ибни Адий, файласуфи масеҳӣ яке аз онон буд. Дар соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ, ҳокими Ҳалаб пайваст ва дар зумраи уламои дарбори ӯ даромад.

Форобӣ аз рӯи маълумоти Ибни Халлиқон дар соли 950 - 951 дар Димишқ дар синни 80-солагӣ  дунёро падруд ва дар қабристони «Бобу-с-сағир» дар даврони салтанати Сайфуддавла бо шукӯҳу қадрдонӣ ба хок супорида шудааст.

Аз мақолаҳои нав

Оё медонед?

Аз мақолаҳои нави Википедия:

  • Шумо аз Internet Live Stats навсозиҳои даврӣ (омори онлайниӣ шумораи вурудшудагон ва корбарони веб-браузерҳои ҷаҳонӣ) бархурдор ҳастед? Пас ба инҷо нигаред.[1]
  • Тибқи маълумоти соли 2020 вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи ҷумҳурӣ 93,4% -ро ташкил дод. Теъдоди корбарони Интернет аввали соли 2021 беш аз 3,3 млн ва муштариёни мобилӣ беш аз 6 млн нафарро ташкил намуд.[2].
  • Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) "Ҳисоботи технология ва инноватсия 2021" аз чоп баромад. Аз ҷиҳати омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта, Тоҷикистон дар байни Тимори Шарқӣ ва Иттиҳоди Комор ҷойгир аст ва дар байни 158 кишвари дар рейтинги зикршуда ҷои 143-ро ишғол мекунад. Аз кишварҳои ИДМРусия дар ҷойи 27, Беларус дар ҷойи 59, Қазоқистон дар ҷойи 62, Арманистон дар ҷойи 83, Озарбойҷон дар ҷойи 100, Қирғизистон дар ҷойи 115 мебошанд.[3]
  • 14 апрел соли 2021 - Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон - «ТВ Илм ва табиат» дар ш. Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.[4].

Рӯйдодҳои кунунӣ

Мавзуъоти муҳим
Ифтитоҳи коргоҳи "ТВЕА Душанбе Майнинг” дар мавзеи Кумарғи Болои ноҳияи Айнӣ
Эмомалӣ Раҳмон бо дар шаҳри Исфара коргоҳи пойафзолбарории ҶДММ «Базеб»-ро ба истифода доданд
Радаи болоии Украина бо қабули қароре амали артиш ва раҳбарияти сиёсиву низомии Русияро дар он кишвар қатли омми мардуми украинӣ эълом кард.
Ифтитоҳи корхонаи “ТАЛКО Голд” дар ноҳияи Айнӣ
Се протокол ба имзо расид:Хулосаи мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон

апрели соли 2022

  • 28 апрели соли 2022 Дар ноҳияи Данғара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»-ро мавриди истифода қарор доданд. Марҳилаи аввали Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 7600 тонна риштаи баландсифат моҳи августи соли 2016 ба истифода дода шуда буд.[5].
  • 23 апрели соли 2022 Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором. Дар суханронии Президенти Тоҷикистон мавриди зикр аст, ки «Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи нави амал “Об барои рушди устувор” “Раванди оби Душанбе”-ро оғоз бахшида, соли 2018 Конфронси нахустини сатҳи баландро оид ба Даҳсола доир намуд ва баргузории Конфронси навбатии онро аз 6 то 9 июни соли 2022 дар назар дорад. Конфронси дуюми Душанбе ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла Саммити имрӯза хизмат хоҳад карда, дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нақши калидӣ хоҳад дошт. Конфронси соли 2023 дар Ню-Йорк, ки зери ҳамраисии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерландия сурат хоҳад гирифт, баъд аз қариб панҷоҳ соли нахустин Конфронси оби соли 1977-и Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.»[6].
  • 18 апрели соли 2022 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи ширкати чинии «ТВЕА» Чжан Син бо пахши тугмаи рамзӣ ба тариқи онлайн ба фаъолияти коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "ТВЕА Душанбе Майнинг” дар мавзеи Кумарғи Болои ноҳияи Айнӣ оғоз бахшиданд. Дар ин корхона истеҳсоли 4 тонна тилло ва 1 тонна нуқра дар як сол дар назар аст. Консентрати маъдан аз конҳои “Кумарғи боло” ва “Дуобаи Шарқӣ” истихроҷ карда мешавад. Захираи умумии кони “Кумарғи Боло” 51 тонна ва “Дуобаи Шарқӣ” 23,7 тонна, дар умум 74,7 тонна тилло мебошад. Тибқи нақша, кони “Дуобаи Шарқӣ” моҳи июни соли 2023 ба истифода дода мешавад.[7].
  • 17 апрели соли 2022 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара коргоҳи пойафзолбарории ҶДММ «Базеб»-ро ба истифода доданд[8].
  • 14 апрели соли 2022 Cафари президент ба вилояти Суғд аз ифтитоҳи корхонаи “ТАЛКО Голд” дар ноҳияи Айнӣ оғоз шуд. Дар ин корхона ҳаҷми истеҳсоли солонаи фулузоти тилло 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад [9].
  • 13 апрели соли 2022 Пас аз як рӯзи тирпаронӣ ва музокирони чандсоата дар марз фармондеҳони неруҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон бегоҳии 13 апрели соли 2022 зери се протокол имзо гузоштанд.[10].

Эзоҳ

  1. Internet Live Stats Омори онлайнӣ
  2. Дар Тоҷикистон соли гузашта даромади операторони хусусии алоқа афзоиш ёфт(тоҷ.). khovar.tj. 5 марти 2020 санҷида шуд.
  3. Таджикистан оказался в конце рейтинга по готовности к развитию новых технологий /avesta.tj/2021/02/26/
  4. Имрӯз дар Душанбе Шабакаи нави телевизиони Тоҷикистон «Илм ва табиат» ифтитоҳ гардид(тоҷ.). khovar.tj. 14 апрели 2020 санҷида шуд.
  5. www.khovar.tj. Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»(тоҷ.) (28 апрели 2021). 29 апрели 2022 санҷида шуд.
  6. www.khovar.tj. Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором.(тоҷ.) (23 апрели 2021). 24 апрели 2022 санҷида шуд.
  7. www.khovar.tj. ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛ��Ӣ. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои нави истихроҷ ва коркарди металли қиматбаҳо ба фаъолият пардохтанд(тоҷ.) (18 апрели 2021). 18 апрели 2022 санҷида шуд.
  8. www.khovar.tj. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара коргоҳи пойафзолбарории ҶДММ «Базеб»-ро ба истифода доданд(тоҷ.) (17 апрели 2021). 17 апрели 2022 санҷида шуд.
  9. www.khovar.tj. Cафари президент ба Суғд аз ифтитоҳи корхонаи “ТАЛКО Голд” дар ноҳияи Айнӣ оғоз шуд(тоҷ.) (15 апрели 2021). 15 апрели 2022 санҷида шуд.
  10. www.khovar.tj. Се протокол ба имзо расид:Хулосаи мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон(тоҷ.) (13 апрели 2021). 15 апрели 2022 санҷида шуд.

Ҳамкориҳои ҳафта